Ятимов бо дабири кулли СААД масъалаи қочоқи силоҳ ва маводи мухаддирро баррасӣ кард

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Засро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, бо мақомоти баландпояи кишвар дидору мулоқот кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Ховар” санаи имрӯз Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору мулоқот кард.
Раҳмон таҳкими нерӯи СААД-ро барои муборизаи бар хатару таҳдидҳои амниятӣ зарур шумурид
Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот  масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, муборизаи муштарак бо  терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Гуфта шудааст, ки ҷонибҳо таъкид сохтанд, ки кишварҳои узви СААД омодаанд, ҳамгироӣ ва муносиботи судмандро, хусусан, дар масоили амниятӣ  пурзӯр намоянд.
Ёдрас мешавем, ки дабири кулли СААД имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва  Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин дидору мулоқот кард.
Тибқи иттилои дафтраи матбуот раисҷумҳур зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба самтҳои афзалиятноки раёсати Тоҷикистон дар СААД таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, Нақшаи мувофиқашудаи амалиётро барои давраи оянда тасдиқ карданд.
“Дар ин зимн корҳои анҷомдодаи Котибот дар самти омодасозии нақшаи мазкур ва хулосаи афзалиятҳои раисии Тоҷикистон бо ташаббусҳои сарони давлатҳои аъзои Созмон, ки дар иҷлосияи декабрии Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии соли гузашта садо дода буданд, таъкид карда шуд”, - қайд кардааст манбаъ
Ҳамзамон дафтраи матбуоти расиҷумҳур зикр кардааст, ки дар идомаи сӯҳбат ҷонибҳо вазифаҳои имрӯзаи Созмон ва баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.