ДУШАНБЕ, 18 фев - Sputnik. Дар соли 2021, Тоҷикистон ният дорад, ки ҳаҷми содироти нерӯи барқро ба ду кишвар афзоиш диҳад, гуфт Маҳмадумар Асозода, муовини аввали роҳбари "Барқи Тоҷик" зимни нишасти хабарии ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, бо идораҳои масъули Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи интиқоли нерӯи барқ шартнома ба имзо расидааст.
Ба гуфтаи Асозода, дар ҳоли ҳозир ҳар рӯз ба Афғонистон 50 МВт нерӯи барқ содир мешавад. Аз моҳи апрел ба нақша гирифта шудааст, ки ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба 400-450 МВт расонида шавад.
"Қувваи барқ ба Афғонистон тавассути ду хатти интиқоли барқ - 110 кВ ва 220 кВ содир карда мешавад. Арзиши нерӯи барқ тавассути хатҳои интиқоли барқи 110 кВ 3 сент барои як киловатт ва барои 220 кВ - 4,5 сент бо афзоиши солонаи 3% мебошад",- таъкид кард муовини раиси "Барқи Тоҷик".
Асозода афзуд, ки интиқоли барқ ба Узбакистон мавсимӣ аст. Дар доираи созишнома, ҷумҳурӣ ният дорад ба ҳамсоякишвар 1,5 миллиард кВт / соат нерӯи барқ содир кунад.