ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Қурбонзода ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарии шаҳрдории Душанбе ба рӯзноманигорон изҳор дошта гуфт, биноҳои истиқоматӣ ба истиқболи 30 солагии истиқлолият таъмир карда мешаванд.
Номбурда гуфт, аз сокинон маҷбури пул ситонида намешавад, танҳо нафароне ва ё корхонаҳое, ки имкон доранд, метавонанд супоранд.
Ӯ гуфт, даъвои сокинон сари ҷамъоварии маблағ барои таъмири биноҳоро месанҷанд.
Ин изҳороти намояндаи шаҳрдорӣ дар ҳолест, ки қаблан чандин маротиба ҳолатҳои ҷаъоварии маблағ ва ҳатто ба муҳлатҳои тулонӣ нотамом мондани таъмири биноҳо дар расонаҳои иҷтимоӣ пайдо ва вокунишҳоро дар пайи дошт.
Ноиби қаблии раиси Душанбе низ даргузашта гуфта дар мавриди ҷамъоварии маҷбурии маблағ аз сокинон барои рангубори биноҳо изҳор дошта буд, ки ин амал ғайриқонунӣ буда, аз шаҳрвандон даъват намуд, алайҳи масъулине, ки чунин талаб мекунанд, ба шаҳрдорӣ муроҷиат кунанд.
Ӯ эътироф карда буд, ки маблағи буҷа барои таъмири ҳамаи баш аз 2 ҳазор бино намерасад ва тавзеҳ дод, ки бо дастгирии соҳибкорон ва афроди саховатпеша ин корро амалӣ хоҳанд кард.