Роҳандозии пардохти роҳкиро тавасути смартфон дар Душанбе

Дар баробари ҷорӣ намудани корти электронӣ воситаи дигари пардохт роҳкиро роҳандозӣ хоҳад шуд. Акнун пардохти роҳкирои нақлиёти ҷамъиятиро метавон тариқи барномаи махсус тариқи телефони мобилӣ пардохт кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода таъкид, кард дар баробари ҷорӣ намудани корти электронӣ воситаи дигари пардохт ба истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ бо истифода аз телефонҳои мобилӣ (смартфон) бо сабт намудани барномаи махсус барои  истифода пешкаш гардидааст.
Вай афзуд, ки шумори истифодабарандагони низоми электронӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.
Роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе гарон шуд
Ба иттилои муовини Раиси шаҳр, дар хатсайри автобусгарду троллейбусгард пардохти роҳкиро пурра тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар самти марҳилаи дуюми лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусӣ оғоз гардидаанд.
Иброз карда шуд, ки аз оғози татбиқи низоми мазкур то давраи ҳисоботӣ барои истифодаи хизматрасониҳои мусофиркашонӣ тибқи низоми мазкур, зиёда аз 521,1 ҳазор адад кортҳои пластикӣ ба сокинону меҳмонон дастрас карда шуд.
Инчунин бо ташаббуси роҳбарияти мақомот ба истифодабарандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт автобус ва троллейбус, тарофаҳои нави нимсола ва солона бо категорияҳои “Хонанда”, “Донишҷӯ” ва “Шаҳрванд” пешниҳод гардидаанд.
Ҳамзамон мавсуф, қайд кард, ки аз 15 майи соли 2020 бинобар сабаби паҳншавии бемории сироятии COVID-19 баромади воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шабакаи нақлиётӣ ба меъёри муайян кам гардида, ин омил ба нишондиҳандаҳои асосӣ, ҳаҷми мусофирон ва гардиши мусофирон таъсири манфӣ расонид.
“Бо мақсади беҳбуд бахшидани фаъолият дар самти  комплекси нақлиёти  мусофирбарӣ дар доираи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе масъалаҳои хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ зери назорати роҳбарияти мақомот қарор дорад”, - гуфт Фирдавс Саидзода.
Шаҳрдори иттилоъ дод, ки дар шаҳри Душанбе хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 17 ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ ва 11 ширкати таксӣ амалӣ гардида истодааст.
Ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умуми автомобилӣ дар 83 хатсайрҳои мусофирбари ҷамъиятӣ, ки аз ин 26 адад автобусгард, 8 адад троллейбусгард ва 49 адад микроавтобусгард мебошанд, ба роҳ монда шудааст.
Гуфта шуд, ки дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 340 адад автобус, 60 адад троллейбус, 1180 адад микроавтобуси бахши хусусӣ ва 1550 адад воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар карда мешаванд.