Умеди Раҳмон аз сафирони нав дар Тоҷикистон ва такони тоза дар муносибатҳои дипломатӣ

Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури кишвар имрӯз дар Қасри миллат аз 6 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Тибқи титтилои котиботи президент, сафирони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадзоҳир Ағбар, Фаронса Мишел Тарран, Фаластин Луай  Исса, Италия Агостино Пинна, Маҷористон Михай Матяш Галошфай ва аз Хорватия Рефик Шабанович, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш ба Эмомалӣ Раҳмон супурдаанд.
Сафири нави Тоҷикистон дар Кобул ба Ғанӣ эътимоднома супорид
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон табрик карда гуфтааст, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Ӯ таъкид таъкид кардааст, ки Тоҷикистон чун субъекти мустақил ва баробарҳуқуқи низоми навини робитаҳои байналмилалӣ имрӯз бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро ба роҳ монда, муносибатҳояшро фаъолона пеш мебарад.
Президенти мамлакат изҳори умед намудааст, ки сафирони фавқулодда ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд.
Нуралиев ба сафир Лоусон: долларикунонӣ дар иқтисоди Тоҷикистон кам шуд
Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи сайёра дар пасманзари оқибатҳои манфии ҳамагирии КОВИД-19 изҳори назар карда гуфтааст, ки дар чунин вазъияти ҳассос ҳамраъйиву дастгирии якдигар ва ҳамкории самараноки байналмилалӣ, омили калидии музаффарият дар мубориза бо чолишҳои имрӯза мебошад.