ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Абдулаҳад Хоҷазода, директори Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо”, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, тайи як соли ахир дар даҳҳо инкубатор 15 ҳазору 545 бол чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 5120 бол чӯҷаи мурғи марҷон истеҳсол карда, 2859 сар чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 609 сар чӯҷаи мурғи марҷонро ба 476 зани эҳтиёҷманди деҳаҳои зерҳадафи лоиҳа ройгон тақсим кардааст.
Ба гуфти Хоҷазода, ҳадаф бо шуғл ва манбаи даромад таъмин намудани онҳо аст.
"Ҳамин сол барои 70 инкубатори хонагӣ бо технологияи муосири раванди барориши чӯҷаҳо дар ихтиёри занони парандапарвар қарор дода шуд. Аввал, тарзи истифодаи онро меомӯзем, сипас, онҳо бо истифода аз тухм худ ба истеҳсоли мурғҳои хонагӣ ва марҷон шурӯъ мекунанд”, - гуфт Абдулаҳад Хоҷазода.
Номбурда гуфт, онҳо имкон пайдо мекунанд, ки ҳам оилаи худро бо тухму гӯшт таъмин кунанд ва ҳам ба бозори маҳаллӣ маҳсулот бароранд ва аз ин роҳ эҳтиёҷи хонаводаи худро бароранд.
Тибқи иттилои ин муассиса, ин иқдом дар 161 деҳаи 7 шаҳру ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон ва Навоҳии тобеи ҷумҳурӣ – Деваштич, Шаҳристон, Норак, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Рашт ва Тоҷикобод – роҳандозӣ шудааст.
Бино ба ин манбаъ, дар шаҳру навоҳии зерҳадаф 2950 оилаи занбӯри асал бо дастгоҳу таҷҳизоти ёрирасони занбӯрпарварӣ ба деҳаҳои зерҳадаф низ дастрас шудааст.
Бо истифода аз инкубаторҳои дастрасгардида 15 ҳазору 545 сар чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 5120 сар чӯҷаи мурғи марҷон истеҳсол карда шуда, 2859 сар чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 609 сар чӯҷаи мурғи марҷон ба 476 зани эҳтиёҷманди деҳаҳои зерҳадафи лоиҳа ройгон дастрас карда шуданд.
Ин иқдомоти муассисаи мазкур дар пайи роҳандозии ду лоиҳа – “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” ва “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомиа” роҳандозӣ мешаванд. Лоиҳаи аввал моҳи феврали соли 2016 шуруъ шуда, моҳи сентябри соли равон ба анҷом мерасад ва 22,4 миллион доллар ҳазина дорад.
Лоиҳаи дуввум бо ҳазинаи 30, 6 миллион доллар моҳи феврали соли 2018 шуруъ шуда, моҳи марти соли 2024 ба анҷом мерасад. Сармоягузории лоиҳаро Фонди байнулмилалии рушди кишварии Созмони милали муттаҳид бар дӯш дорад.