ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Нусратулло Давлатзод, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ далели аз сӯи ниҳодаш дар соли 2020 иҷро карда натавонистани нақшаи андозро шарҳ дод.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи андоз соли гузашта ниҳодаш натавонистааст 600 миллион сомонии дигарро ба буҷа ворид кунанд.
Нусратулло Давлатзода зикр кард, ки дар соли 2020 ин ниҳод натавонист 2,3 дарсад андозҳо ва дигарро пардохтҳоро ҷамъоварӣ кунад.
Раиси Кумита андоз таъкид доштааст, ки ҷамъовари нашудани андозҳо асосан, аз ҳисоби кам шудани даромади ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ будааст.
Сабаби кам шудани даромади ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ баста шудани роҳҳо, ба далели хуруҷи вируси корона будааст.
Ҳамзамон Нусратулло Давлатзода афзуд, ки қарз аз андоз дар соли 2020 бо назардошти қарзи солҳои пешин то 330 миллион сомонӣ расидааст.
“Шумораи умумии қарздорон 35 ҳазор аст, ва дар соли гузашта 884 ҳазор сомонии дигар ба қарзи андоз зам шудааст”, гуфт раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.