Гумрук, гуфт ба буҷаи давлат чиқадар фоида овардааст

Масъулини Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар доданд, ки соли гузашта ба буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ зиёда аз 5,4 млрд сомонӣ ворид гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ,  Азим Турсунзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон  эълон кард, ки ин нишондиҳанда, 680,9 миллион сомонӣ ё худ ба андозаи 14,2 дарсад зиёдтар аз нақшаи пешбинишуда аст.
Се корманди гумрук низ барои талоши қочоқи 90 кило тиллою садҳо ҳазор пул боздошт шудаанд
Вай афзуд, ки соли 2020 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 272,6 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ, 243,2 миллион доллар - гандум, 177,4 миллион доллар - гази моеъ оварда шудааст.
Ҳамчунин соли гузашта аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 31,8 миллион доллар гӯшти мурғ ворид карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол масъулини Хадамоти гумруки кишвар таъкид доштанд, ки вобаста ба вазъи ноустувори молиявӣ ва номусоиди эпидемилогӣ, инчунин сустшавии рушди иқтисоди кишварҳои шарикони асосии савдои Тоҷикистон ба воридоти воситаҳои нақлиёт ва ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ таъсири манфӣ расонид.
Азим Турсунзода зикр кард, ки дар соли 2020 воридоти воситаҳои нақлиёт ба маблағи 191,1 миллион доллар кам шудааст.