Дар Душанбе марде барои қарзаш омаду қарздорро кушт

Вазорати корҳои дохила як сокини ноҳияи Рӯдакиро дастгир кардааст, ки дар куштор муттаҳам мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, мард ҷавоне, ки аз ӯ қарздор будааст, мекушад.
Ҷавоне ронандаи таксиро дар Душанбе бераҳмона бо беш аз 42 зарби корд кушт
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса як рӯз пеш дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рух додааст.
Қайд карда мешавад, ки як сокини 28-солаи деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба назди як ҷавони 23-солаи Душанбе барои қарз омадааст, аммо байни мардон муноқиша рух додааст.
Ҳангоми муноқиша, сокини ноҳияи Рӯдакӣ "қарздор" -и худро бо корд задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин далел тафтишот идома дорад.
Донишҷӯ дар саҳни донишгоҳ деканро корд зад: аз триместр нагузашт
Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта вазорат як сокини ноҳияи Ҷайҳунро боздошт карда буд, ки як таксиронро дар пойтахт ба таври бераҳмона бо 42 зарби корд ба қатл расонидааст.