ДУШАНБЕ, 18 фев – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, зимни нишасти матбуотӣ ба саволи он, ки чаро сохтмони шаҳраки замонавӣ дар Хуҷанд билофоисла ба иҷро нарасида, рӯи қоғаз боқӣ монд, посух дод.
Ӯ гуфт, ширкати “Ҳусноро 1”, ки ба шаҳрвандони кишвари Чин тааллуқ дошт, соли 2018, баъди се соли ба ихтиёрашон вогузор шудани қитъаи замин аз ҳисоби ҳавлии сокинони хиёбони Раҳмон Набиев сохтмони биноҳоро ба охир мерасонд, аммо онҳо аз уҳдаи кор набаромаданд.
“Ширкати “Ҳусноро 1” бо сокинон шартнома баста, қариб се сол пурра хароҷоти ҳуҷраҳои иҷоравии онҳоро пардохт кард, лекин сатҳи оби зеризаминӣ баланд буд ва лоиҳаи шаҳракро амалӣ карда натавонист”, -гуфт Аҳмадзода.
Соли 2015, ҳудуди 30 хонавода аз хиёбони ба номи Р. Набиеви Хуҷанд ба умеди бунёди шаҳраки хитоӣ бо даъвати ҳукумат, манзилҳои худро ҳамвор карда, 1, 5 ҳазор метри мурабаъ қитъаи заминро дар ихтиёри сохтмончиҳои чинӣ вогузор намуданд.
Қарор буд, то соли 2018, дар маҳаллаи онҳо ҳафт комплекс бинои истиқоматии 12, 14 ва 16 ошёгӣ бунёд мешуд ва бар ивази тахриби манзилашон ба онҳо аз биноҳои нав ҳуҷраҳо тақдим мешуд. Аммо бо гузашти панҷ сол, ин шаҳрак, рӯи қоғаз боқӣ мондааст.
Раиси вилояти Суғд, таъкид намуд, ки бинобар иҷро нашудани шаҳраки нав ба сокинон аз бинои тозабунёд дар маҳаллаи 18-и Хуҷанд ҳуҷраҳои истиқоматӣ тақдим карда мешавад.
“Дар ҳоли ҳозир корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад ва дар арафаи ҷашни Наврӯз ба сокинон ҳуҷраҳои нав бо ҳама шароит супорида мешавад”,-зикр кард Аҳмадзода.
Раиси вилояти Суғд иброз дошт, ки баъди даст кашидани ширкати чинӣ аз сохтмон, онҳо бунёди ин тарҳ ширкатҳоеро, ки таҷрибаи хонасозӣ дар назди баҳру соҳилҳоро доранд, даъват намуда сохтмони ин лоиҳаро то охири соли ҷорӣ аз сар гирифтанист.
Дар ҳоле ширкати “Ҳусноро 1” бо сабаби баланд будани сатҳи оби зеризаминӣ аз сохтмон даст кашидааст, ки дар фосилаи кам ё беш аз 100 метр ба ин макон, ширкати маҳалии “Элитсохтмон” ба сохтмони биноҳои шаҳраки “Khujand city” сар кардааст.