Дар Ҷопон марҳилаи эмгузаронии сартосарӣ шурӯъ шудааст. Нахуст 40 ҳазор пизишкону намояндагони соҳаи тандурустӣ алайҳи коронаиврус эм мегиранд.
Зеро табибон ва ҳамшираҳои шафқат пайваста бо маризони гирифтори коронаиврус дар тамос ҳастанд ва бояд масунияти онҳо дар қиболи ин вирус мустаҳкам шавад.
Илова бар ин, нафароне, ки ба гурӯҳи хавф шомиланд дар баробари кормандони тандурустӣ ваксин мегиранд.
Гуфта мешавад, шаҳрвандони Ҷопонро бо ваксинаи амрикоии Pfizer эм мекунанд. Ҳамчунин, ҳукумати Токио барои дастрас кардани ваксинаи AstraZeneca бо ширкати амрикоии Moderna ва ширкати шведӣ - бритонӣ шартнома имзо кардааст.
Зимнан, интизор меравад сар аз моҳи апрел дар Ҷопон шаҳрвандони аз 65 - сола боло ба маъракаи эмгузаронӣ фаро гирифта шаванд.
Қайд мешавад, ки ҳудуди 36 миллион нафар бояд алайҳи бемории коронаиврус ваксин гирад.
Ба таъкиди мутахассисон, Ҷопон ба эмгузаронии боқимондаи шаҳрвандон на тезтар аз моҳи май шурӯъ мекунад.