Ҳукумати Тоҷикистон 5 миллиард қарзи "Барқи тоҷик"- ро бахшид

Намояндаи ширкати "Барқи тоҷик"иқрор шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта маблағи калон аз қарздории ширкат назди Вазорати молияро бахшид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев - Sputnik. Сардори департаменти иқтисод ва молияи ширкати "Барқи тоҷик" Рустам Маҷидзода, гуфт, Ҳукумати Тоҷикистон 5 миллиард сомонӣ қарзи ширкатро кам кард.
Маълум шуд, Агентии беҳдошти замин аз "Барқи Тоҷик" чӣ қадар қарздор аст
Номбурда имрӯз зимни нишасти хабарӣ гуфт, соли 2020 бо дастгири бевоситаи Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи барномаи солимгардонии вазъи молии ширкат, 5 миллиард сомонӣ қарзи "Барқи тоҷик" дар назди Вазорати молия аз ҳисоби татбиқи созишномаҳои зерқарзӣ кам карда шуд.
Барномаи солимгардонии вазъи молии ширкати мазкурро Ҳукумати Тоҷикистон соли 20019 тасдиқ кард ва раванди амалишавии он то соли 2025 идома хоҳад ёфт.
Маҷидзода мегӯяд, ин маблағҳо аз ҳисоби қарздории ширкат бароварда шуда, ҳамзамон ҳамчун ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фонди оинномавии ширкат гузаронида шуданд.
“Барқи тоҷик” даъвои “Сангтуда-1”-ро тасдиқ кард: мустақилона барқ фурӯхта наметавонад
Намояндаи ширкати "Барқи тоҷик" таъкид кард, ки дастгирии ҳукумат бисёр саривақтӣ буд ва онҳо тавонистанд қарзи ширкатро аз солҳои пеш ба андозаи 5 миллиард сомонӣ коҳиш диҳанд.
Феълан, қарзи умумии шаркати "Барқи тоҷик" дар назди Вазорат молия ба 22 миллиард сомонӣ баробар аст.
Илова бар ин ширкати мазкур назди НБО "Сангтӯда - 1", 1 миллиарду 595 миллион сомонӣ ва назди "Сангтӯда - 2" 123 миллион сомонӣ қарздор аст.