ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Эрон музокирот ва корҳои муқаддамотӣ барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро шурӯъ кардааст.
Маълум аст, ки созишнома дар бораи минтақаи савдои озод байни Эрон ва Иттиҳоди АвруОсиё аллакай моҳи октябри соли 2019 ба имзо расида буд.
Ба гуфтаи Андрей Арешов, корманди илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, чунин иқдоми Ҷумҳурии Исломии Эрон бо назардошти вазъи кишвар комилан мантиқӣ ба назар мерасанд.
Ӯ афзуд, омилҳое, ки метавонанд боиси вуруди Эрон ба Иттиҳод шаванд, фишори доимии таҳримҳо ва мушкилоти ҷиддӣ дар иқтисод мебошанд. Алалхусус дар соҳаи энергетика, ки дар пайи таҳримҳои Амрикову Аврупо ба вуҷуд омадаанд.
Ғайр аз он, коршинос қайд мекунад, ки тағйирот дар Кохи Сафед ба фишори иқтисодӣ таъсири мусбат нахоҳад расонд.
"Дар ин робита, комилан аён аст, ки Эрон барои барқарор кардани робитаҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ бо Чин, Ҳиндустон ва инчунин бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё талош мекунад. Бо ин Иттиҳод Эрон аз тариқи Арманистон марзи муштарак дорад", - гуфт Андрей Арешев ба Sputnik Арманистон.
Вай афзуд, ки чунин марҳилаҳо комилан мантиқӣ ҳастанд ва ҳалкунанда дар ин масъала расмиёти пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои оинномавӣ мебошанд.
"Ман фикр мекунам, ки чунин дурнамо дар қиёс бо он душвориҳое, ки ба миён омадаанд, ҷолибтар ба назар мерасад. Дар ҳоле ки музокирот дар бораи афзоиши додугирифти Русия ва Эрон дер боз идома доранд", - хулоса кард сиёсатшинос.