ДУШАНБЕ, 17 фев - Sputnik. Муҳаммадумар Асозода, муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” имрӯз зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, “Сангтуда-1” мустақиман наметавонад барқ фурӯшад.
“НБО “Сангтуда-1” дар алоҳида ягон хел наметавонад фурӯши барқро ба роҳ монад”,-таъкид кард Асозода.
Ба гуфти ӯ, тибқи қарордоди байниҳукуматӣ дар сурати имкони содири нерӯи барқ ба хориҷа Тоҷикистон ба нерӯгоҳи “Сангтуда-1” имкони содирот медиҳад.
Аммо ба таъкиди Асозода ҳоло баряқи содиркардаи “Сангтуда-1” ягон хел мустақим содир карда намешавад, зеро содирот танҳо дар асоси қарордодҳои дуҷонибаи “Барқи тоҷик” ва ширкати “Брешно”-и Афғонистон, инчунин дар фасли тобистон бо Ӯзбекистон қарордод ба имзо расонида мешавад.
Номбурда гуфт, оғози моҳи феврал дар Русия ҷаласаи байниҳукуматӣ доир гашт, ки дар он аз ҷониби намояндагони ширкати “Барқи тоҷик” ва “Сангтуда-1” гуфтушунид доир гашт, ва барои нерӯгоҳ модели молиявӣ тартиб дода мешавад, ки ин бозгашти сармоя ба ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ будааст.
Дар ҳоли ҳозир, қарзи ширкати "Барқи тоҷик" назди нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1" ба як миллиарду 600 миллион сомонӣ ( беш аз 140 миллион доллар ) расидааст ва он ҳамасола афзоиш меёбад.
Қаблан мудирияти нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" бо вуҷуди талошҳо барои фурӯши барқ ба хориҷ бидуни миёнравии ширкати қарздори "Барқи тоҷик" муваффақ нашуд.
Иқтидори нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" 2 миллиарду 700 миллион киловатт соатро ташкил медиҳад, аммо ширкати "Барқи тоҷик" тавони қабули 1,6 млрд-2,3 млрд кВт соат дорад.
Иқтидори нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" 2 миллиарду 700 миллион киловатт соатро ташкил медиҳад, аммо ширкати "Барқи тоҷик" тавони қабули 1,6 млрд-2,3 млрд кВт соат дорад.
Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи Сангтуда-1 дар аввали сол 1,6 млрд. сомониро ташкил дода, тавоноии пардохти пули барқ аз тарафи ширкати "Барқи тоҷик" ҳамагӣ 44 дарсадро тшкил додааст.
Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 1", ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст дар соли 2009 ба баҳрабардорӣ расид ва 11 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ҳосили кори ин нерӯгоҳ аст.
Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1" - ро дар ихтиёр доранд.