“Худатон рафта, бинед!” Пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон ҳаст ё нест?

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мавҷудияти пойгоҳи низомии Чин дар қаламрави ин кишварро рад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Сироҷиддини Муҳриддин, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар бораи пойгоҳи низомии Чин дар ин кишвар гуфт, бунёди пойгоҳи низомии нави хориҷӣ дар Тоҷикистон дар нақша нест.
Ёддошти Тоҷикистон ба Чин бар сари Помир: Пекин посух дод
“Агар боваратон нест, худатон рафта бинед. Он ҷо ягон пойгоҳи низомӣ нест. Боз такрор мекунам: ягона пойгоҳи низомие, ки дар Тоҷикистон ҳаст, пойгоҳи низомии 201 – и Русия аст ва бо ягон кишвари дигар Тоҷикистон бунёди пойгоҳи нави кишварҳои хориҷиро дар нақша надорад. Албатта, ин масъала ба сохторҳои низомӣ дахл дорад, аммо ягон гап ё санаде ҳам мешуд, ҳатман тариқи сохтори сиёсӣ мегузашт. Ман ба шумо, ҳамчун роҳбари идораи сиёсии кишвар мегӯям, ки он ҷо ягон пойгоҳ нест”, - гуфт Сироҷиддини Муҳриддин.
Баҳси пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон ду – се соли ахир аз сӯи расонаҳои ғарбӣ ва ҳатто Кунгураву вазорати дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доман зада мешуд. Моҳи сентябри соли гузашта Кунгураи Амрико зимни як гузориш иддао карда буд, ки Пекин дар 12 кишвар, ба шумули Тоҷикистон, дар садади эҷоди сохторҳои низомии Артиши миллии озодибахши Чин ва густариши нуфузи низомии хеш аст.
Алъон ин кишвар фақат дар кишвари Ҷибутии Африқо пойгоҳи низомии тамомайёр дорад.
Қабл аз ин “Вашингтон пост”, нашрияи маъруфи амрикоӣ, моҳи феврали соли 2019 дар як матлаб иддао карда буд, ки дар шаҳраки Мурғоби Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон низомиёни чинӣ будубош доранд ва ҳузури худро пинҳон медоранд.
Моҳи марти соли 2018 Гуруҳи бӯҳрони Аврупо ва Осиёи Марказӣ, мақарраш дар Брюссел, низ дар такя ба мақомоти маҳаллии Бадахшон гузориш дода буд, ки дар Мурғоб, ҷое, ки марзҳои се кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон ва Чин наздик мешаванд, як “маркази зиддитеррористии муштараки Тоҷикистону Чин” фаъолият мекунад.
Ин иддаоҳо бо ин далел тақвият меёфт, ки дар маҳалли мавриди назар чандин иншооти низомӣ сохта шуда, низомиёни чинӣ дар онҳо кору фаъолият доранд.
Мақомоти Афғонистон: Чин бояд барои ҷосусиаш узрхоҳӣ кунад
Мақомоти Тоҷикистон ва Чин ба таври мукаррар борҳо мавҷудияти як пойгоҳи низомӣ дар Мурғобро рад кардаанд, аммо инро пӯшида надоштаанд, ки он ҷо воқеан марзбонони тоҷику чинӣ ҳузур доранд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ гуфт, кишвараш бо ҳама кишварҳои шарики худ дар масоили мубориза алайҳи терроризму экстремизм, ҷинояткории фаромилливу сайберӣ ва ғайра, ҳамкориҳои дуҷонибаву чандҷониба дорад ва ин корро махфиёна анҷом намедиҳад.
“Ин ягон махфият надорад. Мо бо Ҷумҳурии мардумии Чин низ чунин ҳамкориҳоро дорем. Машқҳои муштараки низомӣ мегузаронем. Дар ҳифзи марзҳо низ ҳамкорӣ мекунем. Ин масъалаи кушода аст”, - гуфт Сироҷиддини Муҳриддин.
Вазир афзуд, Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари Тоҷикистон дар бораи вазнин будани вазъи марзҳо бо Афғонистон дар нишастҳои байнулмилалӣ ошкор мегӯяд ва кишвараш дар ин марз бо даҳҳо кишвари дунё ҳамкорӣ дорад.
Грозин оиди пойгоҳҳои ҳарбии Чин дар Тоҷикистон: ин танҳо бо ризояти Кремл имконпазир аст
“Масалан, барномаи БОМКА – ро бо Иттиҳоди Аврупо дорем. Соли 2013 сарони Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) қарор карда буданд, ки ба Тоҷикистон дар ҳифзи марзҳояш бо Афғонистон, бахусус, тақвияти сохторҳо кӯмак кунанд”, - гуфт Муҳриддин.
Як гуруҳи дигар ҳам ба Муғулистон хоҳад рафт. Дар ин гуруҳ низ олимоне эъзом мешаванд, ки на фақат ҳуруфи арабиасос, балки забонҳои суғдиву бохтариро низ баладанд. Мо ин гуна нафаронро дорем. Он ҷо гап зиёд аст, афзуд вай.
Моҳи октябри соли 2016 миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин як созишнома дар бораи сохтмони бошгоҳҳои марзӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба имзо расида буд.
Бино ба он, Чин сармоягузории ин тарҳо ба зимма гирифта, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон се маркази фармондеҳӣ (комендатура), панҷ бошгоҳи марзӣ, панҷ посгоҳи марзӣ ва як маркази таълимӣ бунёд кардааст, ки дар имтидоди марз аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар вилояти Хатлон то Мурғоби Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро фаро мегиранд.