ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ тавзеҳ дод, ки тасмими Тоҷикистон дар бораи шомилшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чӣ шуд.
Ӯ дар посух ба суоли рӯзноманигорон тавзеҳ дод, ки Тоҷикистон мавқеашро дар мавриди ин иттиҳод дигар накардааст ва масъала то ҳол омӯхта мешавад.
"Дар масъалаи шомилшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки мавқеи мо дигар нашудааст, гурӯҳ барои омӯхтани ҳамаи ҷабҳаҳои ин иттиҳод фаъолият дорад", - таъкид кард вай.
Сироҷиддин Муҳриддин афзуд, ин гурӯҳ тамоми ҷабҳаҳои масъаларо омӯхта, ҷавобашро пешниҳод хоҳад кард.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чигуна ташкилот аст
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (Еврозес) – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое, ки бо ҷараёни интегратсионӣ дар соҳаи иқтисодӣ ва гуманитарӣ вобаста мебошанд, ташкил шудааст.
Ин ташкилот пурра мувофиқи шартҳои Созмони Милали Муттаҳид ва мувофиқи меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ташкил шудааст ва дорои ҳуқуқи субъекти байналмилалӣ мебошад.
Ин система таркиби аниқ дошта бо механизми ҷиддӣ ва барои иҷрои масъалаҳои иқтисодӣ қабул гардидааст. Иттиҳод ва шахсҳои вазифадори он аз имтиёзҳо ва иммунитетҳое, ки барои иҷрои ҷараён ва ноилшавии мақсадҳо, ки дар шартномаи Евразэс қабул шудаанд , истифода мебаранд.
Феълан ба ин ташкилот Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус, Арманистон шомил мешавад ва кишвари Ӯзбекистон нозир аст.