"Боинг"-и ҷанҷолӣ: Тоҷикистон пас аз дудилагӣ "Boeing 737 MAX"-ро мехарад

Интизор меравад, ки ин ду боинги нав - "Boeing 737 MAX" моҳҳои июн ва дераш то сентябр ба Тоҷикистон оварда шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Тоҷикистон ду ҳавопаймои "Boeing 737 MAX" мехарад, хабар дод Сӯҳроб Ҷӯраев, муовини аввали мудири кулли "Сомон Эйр" дар рафти нишасти матбуотӣ.
Ба қавли вай, имрӯз намояндагони ширкати "Боинг" барои имзои давраи ниҳои созишномаи харидории ду ҳавопаймои "Boeing 737 MAX" ба Тоҷикистон расиданд.
"Дар ҳақиқат раванди харидоррии ин ҳавопаймо вақти зиёд гирифт. Зеро сертификатсияи он вақти зиёдро талаб кард", - тавзеҳ дод Ҷӯраев.
Ба қавли директори агентӣ "Boeing 737 MAX" феълан сертификати Амрико, Осиё ва Аврупоро ба даст овардааст, ва давра ба давра ба тамоми ҷаҳон парвозҳоро ба роҳ мемонад.
Интизор меравад, ки ҳавопаймо моҳҳои июн-сентябр ба Тоҷикистон расад.
"Ман умед дорам, ки мо ҳамин ҳафта имзои созишномаро ба намояндагони ширкати "Боинг" ба анҷом мерасонем, ба мувофиқа мерасем ва ин ҳавопаймо аз моҳҳои июн то сентябр ба Тоҷикистон мерасад", - гуфт дар анҷом муовини аввали мудири "Сомон Эйр".
Ёдрас мешавем, ҳанӯз соли 2017 гузориш дода шуда буд, ки Тоҷикистон ният дорад ду ҳавопаймои бузурги Боинг харидорӣ кунад.
Мақомдорони баландпоя нигаронӣ кардаанд: “Сомон Эйр” аз “Boeing 737 MAX” даст кашид
Ҳамон сол ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо ширкати Боинг ҷиҳати харидории ду ҳавопаймои насли нави "Boeing 737 MAX" музокирот пеш мебурд.
"Ҳавопаймои нави манзургашта бештар замонавӣ буда, дар баробари ин бароҳат мебошад ва имкон дорад то 200 мусофирро дар дохили ҳавопаймо ҷойгир кунад. Бино ба гуфтаи ҳайати роҳбарикунандаи ширкати ҳавопаймоӣ, харидории навъи мазкури ҳавопаймо метавонад самти парвозҳоро зиёд намояд", - хабар дода буд "Сомон Эйр".
Аммо соли 2019 Икром Субҳонзода, мудири Агентии авиатсияи Тоҷикистон хабар дод, ки кишвар шояд аз харидории ин боинг умуман даст кашад.
Аз хариди ҳавопаймои "Боинг 737 MAX" ҳама даст кашиданд, Тоҷикистон ҳам
Сабабаш суқут кардани якбора ду ҳавопаймои "Boeing 737 MAX" буд.
"Тамоми дунё аз истифодаи ин ҳавопаймо даст кашидааст. То замоне, ки аз ҷониби комиссияи махсусе, ки садамаҳоро тафтиш мекунад, хулосаи ниҳоӣ нашавад, Тоҷикистон аз ин ҳавопаймо истифода намебарад", - гуфта буд Субҳонзода.