"Тоҷик Эйр" аз кормандонаш 7,8 миллион сомонӣ қарздор аст

Ширкат дар соли гузашта аз даромад дида, харҷи бештар доштааст. Дар натиҷа, феълан яке аз масъалаҳое, ки дар назди "Тоҷик Эйр" меистад, пардохти қарзи маош аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. "Тоҷик Эйр" дар назди кормандонаш 7,8 миллион сомонӣ қарздор шудааст. Дар ин бора ширкат имрӯз дар рафти нишасти матбуотиаш ба рӯзноманигорон хабар дод.
Тавре манбаъ таъкид мекунад, дар соли 2020 харҷи ширкат нисбат ба даромадаш бештар будааст.
"Боинг"-и ҷанҷолӣ: Тоҷикистон пас аз дудилагӣ "Boeing 737 MAX"-ро мехарад
"Тоҷик Эйр" дар соли 2020 126,2 миллион сомонӣ даромад ба даст овард, 140 миллион сомонӣ хароҷот намуд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар соли 2020 "Тоҷик Эйр" 40,3 ҳазор мусофир интиқол дода, ба кормандан 13,3 миллион сомонӣ музд пардохт кардааст.
"Дар давраи ҳисоботӣ "Тоҷик Эйр" 119 ҷасад, 267 мусофири ихроҷшударо ройгон интиқол додааст, ки маблағи он 628,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 3089 нафар кӯдаки то 5-сола бепул парвоз кардаанд", - таъкид мекунад ширкати миллӣ.
Гуфта мешавад, феълан "Тоҷик Эйр" танҳо як ҳавопаймои коршоям - АН-28 дошта, боқимонда ҳама таъмирталабанд.
Пирӯзии “Тоҷик Эйр” бар “Скайроуд Лизинг” дар додгоҳи ИМА барои 20 миллион доллар
Ширкат масъалаи пардохти 7,8 миллион сомонӣ қарзи маоши кормандон ва таъмири ҳавопаймои "Боинг -737-300" ва "Боинг 737-400" - ро ҳалталаб медонад.