ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Таҷлили Наврӯз дар Душанбе чор рӯз идома меёбад ва дар хиёбонҳои гуногуни шаҳру ноҳияи он баргузор карда мешавад. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд. Манбаъ таъкид кард, ки чорабинӣ танҳо дар сатҳи боғҳои шаҳрӣ ва чор ноҳияҳои Душанбе баргузор карда мешавад.
Дар ҳар яке аз боғҳои Душанбе аз пагоҳ то бегоҳ барномаҳои консертӣ ташкил карда мешавад, ки дар он гурӯҳҳои рақсӣ ва ситораҳои тоҷик ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Афзун бар ин, ба барномаи чорабинӣ - баргузор кардани мусобиқаҳои анъанавии наврӯзӣ ва тӯҳфаҳои ширин барои шаҳрвандон шомил шудааст.
Таббохони маҳаллӣ бо хӯроки миллӣ сокинонро шод хоҳанд кард ва занон коми душанбегиҳоро бо суманак ширин хоҳанд намуд.
Шаҳрдории пойтахт мегӯяд, имсол ҷашн асосан дар боғи "Курӯши Кабир" дар ноҳияи Шоҳмансур ва дар боғи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ баргузор мешавад.
Гузашта аз ин, чорабинӣ ва консерт дар ду ҷойи дигар дар майдони Сино ва дар наздикии прокуратураи шаҳрӣ ва боғи истироҳативу фароғатии ба номи Фирдавсӣ баргузор карда мешавад.
Дар Боғи марказии Рӯдакӣ сайругашти оммавӣ баргузор карда мешавад, аммо ташкили консерт ба нақша гирифта шудааст.
Дар мавриди мусобиқаҳои варзишӣ бошад, ба монанди гӯштингирӣ ва пойга низ дар "Наврӯзгоҳ" дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз баргузор карда мешавад.
Боз як тӯҳфаи дигар ба Наврӯз ташкили намоишгоҳ-фурӯшгоҳҳои ҷашнӣ дар бозори "Меҳргон", "Саховат" ва наздикии майдони Қаряи Боло мешавад.