ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Президенти Академияи улуми Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар рафти нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, ки корҳои барқарорсозии реактори "Аргус" кай ба анҷом мерасанд.
Ба қавли вай, 80 дарсади корҳо дар самти барқароркунии реактор ба охир расидааст.
"Дар умум корҳои асосие, ки мо бояд мекардем, пеш аз ҳама таҳияи ҳуқуқии меъёрҳои дахлдор, ба нақша гирифтем пай дар пай иҷро гардида истодаанд", - таъкид кард Фарҳод Раҳимӣ.
Президенти АМИТ афзуд, ҳамаи он санадҳое, ки фаъолияти ректорро ба танзим медароранд, омода шудаанд, ахирон санад дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад, ки он "Истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта мебошад".
"Мо ҳамасола то 4 маротиба бо намояндагон, испекторҳо вомехӯрем, ҳисобот пешниҳод мекунем, ҳисобот аз тарфи онҳо пурра қабул шудааст", - таъкид намуд Раҳимӣ.
Реактори ҳастаии Тоҷикистон мавсум ба "Аргус-ФТИ" дар солҳои 1980 сохта шуда, вале ба далели мушкилоти ношӣ аз фурӯпошии Шӯравӣ, ҷанги дохилӣ ва нобасомониҳои иқтисодӣ мавриди баҳраварӣ қарор нагирифтааст.
Акнун ҳукумати Тоҷикистон дар ростои таҳаққуқи мусаввабаи “Барқарорсозӣ ва баҳрабардорӣ аз реактори таҳқиқотӣ-ҳастаии Аргус 2020-2016 дар ҳоли омодасозии ин таъсисоти муҳим барои баҳрабардории комил аст.
Қарор аст, дар “Аргус-ФТИ” фаъолиятҳои илмӣ дар бахшҳои пизишкӣ, кишоварзӣ, маодин, химия ва биологӣ сурат бигирад.