Байден фурӯши силоҳро дар Амрико маҳдуд мекунад

Кишвардори Амрико Ҷо Байден изҳор доштааст, замоне фаро расид, ки ба қатли мардуми бегуноҳ хотима гузошта шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз Конгресс дархост намудааст, ки ислоҳоти қонун дар мавриди харидорӣ ва истифодаи силоҳи оташфишон аз ҷониби шаҳрвандон бозбинӣ кунанд, хабар медиҳад  Bloomberg.
Байден афзудааст, ки "замони амал кардан фаро расид ва ба куштори ҳазорҳо шаҳрвандони бегуноҳ бояд хотима гузошта шавад".
Бори нахуст сиёҳпӯст роҳбари Пентагон шуд: Ллойд Остин кист?
Раисиҷумҳур мегӯяд, қабл аз он ки ба нафаре силоҳ фирӯхта шавад, бояд ҳатман гузаштаи ӯ санҷида шавад.
Илова бар ин, ӯ талаб намуд, ки мағозаҳои фурӯши яроқи автоматӣ ва дӯконҳои бузурги силоҳфурӯшӣ бояд баста шаванд.
Ба таъкиди Байден, худи фурӯшандаҳои силоҳ бояд аз барои аъмоли бади муштариёни худ ҷавобгӯ бошанд.
Роҳбари Амрико зарурати ислоҳотро дар мубориза бо куштор чунин шарҳ дод: "тағйирот барои он зарур аст, ки мо назди онҳое, ки пайвандони бегуноҳи худро аз даст доданд, ҷавобгӯ ҳастем".
Бояд гуфт, ислоҳоти дуюм ба Сарқонуни Амрико ҳуқуқи шаҳрвандонро барои нигоҳ доштани силоҳ кафолат медиҳад. Он санаи 15 декабри соли 1791 эътибор пайдо кард. Ҳоло ба ҳар 100 нафар аҳолии ИМА 121 силоҳи оташфишон рост меояд.
Тафсилоти бештар аз қатли 20 нафар дар иёлати Техаси Амрико
Дар Амрико қатли одамони бегуноҳ мунтазам рух медиҳад. Ҳанӯз соли 2018, ҷавони 19 - сола, дар бинои муассисаи таълимӣ, ки онҷо ждарс мехонд, дасти кам 17 нафарро аз силоҳи оташфишон ба қатл расонд.
Ҳамчунин, соли 2019, дар яке аз Марказҳои бузурги савдои иёлати Техас, ҷавони 23 - сола аз тири силоҳ 23 нафарро аз ҳаёт маҳрум кард.