Бемаошӣ ё қаллобӣ: чаро корманди амнияти фурудгоҳи Душанбе худро паронд?

Аслиддин Меликов, муовини раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, сарусадо атрофи худкушии Шерафган Хоҷақулов, корманди амнияти фурудгоҳро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Меликов зимни шарҳи қазияи Шерафган Хоҷақулов аз ҷой доштани қаллобӣ дар қазия гуфта, афзуд бо чанд нафари дигар аз одамон пул гирифта, чипта ваъда додаанд.
Дар Хатлон 33 мактабхон даст ба худкушӣ заданд
Ба иттилои ноиби раиси фурудгоҳ, яке аз дастандаркорон, ки аз мардум пул гирифтаанд, Ҷамшед Саломов мебошад ва феълан дар маҳбас қарор дорад.
"Ҳудуди 109 ҳазор сомонии одамонро гирифта, чипта ваъда додаанд, аммо чӣ гуна чипта номаълум, охир фурудгоҳи байналмилалии Душанбе чипта надорад”, - изҳор дошт Меликов. Манбаъ изҳор дошт, ки дар асл ҷабрдидаҳо бештаранд, аммо дар пайи рух додани чунин ҳолат бисёриҳо аз даъвояшон даст кашидаанд.
Ӯ илова намуд, ки додситонии нақлиёт санҷиши қазияи Шерафган Хоҷақуловро ба анҷом расонда, ба додгоҳ равон кардааст.
Дар мавриди иддаои наздикон, ки Шерафган моҳҳо маош нагирифта буду дар вазъи бади иҷтимоӣ қарор дошт, ноиби раиси Фурудгоҳи байналмилалӣ иттилоъ дод, ки дар маҷмӯъ дар замони пандемия ба ӯ 4 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст. Ҳамааш дар прокуратура аст.
Боздошти қаллоби чиптафурӯш дар Русия: худро корманди сафорату фурудгоҳ мегирифт-видео
Шерафган Хоҷақулови 38-сола, корманди амнияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нисфирӯзи 26 октябр дар ҷои кораш аз таппончаи хидматӣ худро парронда, худкушӣ кард. Наздиконаш гуфта буданд, ки ӯ моҳҳо маош нагирифта буду танҳо аз хонаи иҷора ҳудуди 14 ҳазор сомонӣ қарздор буд. Аммо масъулини фурудгоҳ ба маош рабт доштани худкушии Шерафганро рад карда буданд.