Норасоии муҳоҷирон эҳсос шуд: Маскав дар ғарами барфи зиёд монд - акс

Сокинони Маскав чунин боришоти зиёди барфро дер боз надида буданд. Ба эҳтимоли зиёд, норасоии қувваи кории муҳоҷирон, раванди поксозии кӯчаву хиёбонҳои барфпӯшро мушкилтар кард
Sputnik
Маскав ба далели тӯфони "Волтер" - и Балкан, чанд рӯз боз дар ғарами барфи зиёд дармондааст.
Боришоти рӯзи 12 феврал бемисл буд ва сокинони пойтахти Русия чанд сол боз чунин барфрезии зиёдро мушоҳида накардаанд.
Ҳарчанд техникаи барфтозакунӣ қариб давоми шаби гузашта бе танаффус кор мекард, вале ҳамоно мушкилӣ дар шоҳроҳҳо ва роҳҳои пиёдагузар боқӣ мондааст.
Барфрезии шадид: аз хурсандии бархе то афзоиши кори кӯчарӯбон ва таъхири парвоз-акс
 
Ба гуфтаи ҳавошиносон, боришот танҳо шоми якшанбе қатъ мешавад.
Тӯдаҳои барф ва сардиҳои шадид боиси рух додани садҳо сониаҳои нақлиётӣ гардиданд ва инчунин дар пойтахт сар аз бегоҳи рӯзи 12 феврал то субҳи шанбе роҳбандии 10- балла ба қайд гирифта шуд.
Гуфта мешавад, дар Маскав ва вилояти Маскав мақомот нақлиёти иловагии ҷамъиятиро ба роҳ монданд, то мардум сари вақт ба хона расанд. Қаблан аз сокинон даъват карда мешуд, ки мошинҳои шахсии худро тарк карда, ба автобус ва қатораҳо гузаранд, то ҳаракати нақлиёт сабуктар шавад.
Собянин аз норасоии муҳоҷирон дар Маскав гуфт: на ҳама маскавиҳо барои кор омодаанд
Таъкид гардид, ки рӯзи шанбе боз 12 ҳазор нафар барои рафъи оқибатҳои бориши барф сафарбар карда шуданд.
Боришоти шадиди барф ҷадвали парвозҳоро дар фурудгоҳҳои Маскав низ халалдор кард. Рӯзи шанбе 37 парвози ҳавопаймо аз шаҳр ба таъхир афтод, се парвози дигар лағв шуд.
Чӣ гуна пойтахти Русия дар ғарами барфи зиёд монд, аз тасвирбаён тамошо кунед
1 / 12
Маскав ба далели тӯфони "Волтер" - и Балкан, чанд рӯз боз дар ғарами барфи зиёд дармондааст
2 / 12
Боришоти рӯзи 12 феврал бемисл буд ва сокинони пойтахти Русия чанд сол боз чунин барфрезии зиёдро мушоҳида накардаанд
3 / 12
Ҳарчанд техникаи барфтозакунӣ қариб давоми шаби гузашта бе танаффус кор мекард, вале ҳамоно мушкилӣ дар шоҳроҳҳо ва роҳҳои пиёдагузар боқӣ мондааст
4 / 12
Ба гуфтаи ҳавошиносон, боришот танҳо шоми якшанбе қатъ мешавад.
5 / 12
Тӯдаҳои барф ва сардиҳои шадид боиси рух додани садҳо сониаҳои нақлиётӣ гардид
6 / 12
Инчунин дар пойтахт сар аз бегоҳи рӯзи 12 феврал то субҳи шанбе роҳбандии 10- балла ба қайд гирифта шуд
7 / 12
Дар Маскав ва вилояти Маскав мақомот нақлиёти иловагии ҷамъиятиро ба роҳ монданд, то мардум сари вақт ба хона расанд
8 / 12
Таъкид гардид, ки рӯзи шанбе боз 12 ҳазор нафар барои рафъи оқибатҳои бориши барф сафарбар кард
9 / 12
Боришоти шадиди барф ҷадвали парвозҳоро дар фурудгоҳҳои Маскав низ халалдор к
10 / 12
Техникаи барфтозакунӣ беист фаъолият мекунанд
11 / 12
Аксари мардум бидуни тамизкорони роҳ нақлиёти худро аз иҳотаи барф берун оварданд
12 / 12
Кори техникаи барфтозакунӣ дар хиёбони Новински дар шаҳри Маскав