Даҳшат: таҷовузи писарбача дар Ҳисор

Сару садоҳо дар мавриди таҷовуз ва ҳомиладор шудани духтари 12 - сола дар Ҳисор анҷом наёфт, ки боз як ҳодисаи нангини ба ин монанд боз рух дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Дар Турсунзода ҳудуди 10 рӯзи қабл, як кӯдак мавриди таҷовуз қарор гирифтааст, хабар медиҳад сомонаи Pressa.tj бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ.
Ба иттилои манбаъ, феълан марди таҷовузкунанда дастгир шудааст ва ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад.
Силсилаи таҷовузи кӯдакон дар Тоҷикистон: сабаб чист, чӣ бояд кард?
Гуфта мешавад, ин мард худ сокини шаҳри Ҳисор аст.
Манбаъ аз қавли навбатдори Шӯъбаи умури дозилӣ дар шаҳри Ҳисор менависад, ки алайҳи таҷовузгар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишотро прокуратура идома медиҳад.
Дастдарозии нав ба номуси писарбачаи ноболиғ дар Ҳисор дар ҳолест, ки қаблан низ дар ин минтақа духтари 12 - сола мавриди таҷовуз қарор гирифта буд ва ҳатто пас аз ин ҳодисаи даҳшатбор ҳомиладор шуд.
Таҷовуз ва қатли кӯдаки гадо дар истгоҳ дар наздикии Душанбе-видео
Чанде пеш ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода изҳор дошта буд, ки масъалаи пурзӯр кардани ҷазои кӯдакозорон дар кишвар омӯхта мешавад.
Ӯ гуфт, "такмили қонунгузорӣ, пурзӯр намудани ҷазо дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ низ масъалагузорӣ карда шуд". Ҳоло дар Тоҷикистон таҷрибюаи дигар давлатҳо дар ин маврид мавриди омӯзиш қарор дорад.