ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Имрӯз дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминҷунбии шадид ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Академияи илмҳои Русия.
Такони замин шаб соати 00:34 бо вақти маҳаллӣ 42 километр шарқтар аз шаҳри Хоруғ, рух дод.
Маркази заминҷунбӣ дар умқи 200 километр ҷойгир будааст.
Ин заминҷунбӣ ҳам аз тарафи маркази зилзиласанҷии Русия ва ҳам Ӯзбекистон сабт шудааст.
Маркази Русия қувваи заминҷунбиро 4,6 балл, вале маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон онро 5 балл арзёбӣ кардааст.
Ин заминларза дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон эҳсос нашудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ин бора хабар надодааст.
Дар бораи талафоти ҷонию молӣ чизе гуфта нашудааст.