ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Саломатии президенти Русия Владимир Путин боиси нигаронӣ нест, гуфт котиби матбуотии сарвари давлат Дмитрий Песков ба хабарнигорон.
"Туф, туф, туф, президент комилан сиҳат аст. Ва эм низ ба хотири нигоҳ доштани ин саломатӣ карда мешавад", - нақл кард Песков.
Песков гуфт, ки вақтҳои охир Путин ягон бемориро аз сар нагузаронидааст, ҳатто зуком нашудааст.
Хотиррасон мекунем, ки қаблан журналистон саволҳо доштанд, ки оё Президенти Федератсияи Русия аз коронавирус эм карда мешавад ё не.
Дмитрий Песков посух дод, ки Путин ният дорад, наздиктар ба тирамоҳ пеш аз сафараш ба хориҷа эм карда шавад.
Песков афзуд, ки сарвари давлат дар ин бора худаш хабар хоҳад дод.