Инзивои минтақаи худмухтори Тибет дар Чин, бинобар ҷойгиршавӣ дар баландкӯҳ ва дурдастӣ мардуми ин ҷоро аз вирус эмин дошт.
Дар инҷо дар давоми тамоми пандемияи COVID-19 танҳо як ҳолати сироят ошкор карда шудааст.
Беморӣ дар Тибет 29 январи соли 2020 кашф карда шуд. Ин мард ба Лхасаи Тибет аз ноҳияи Суйчҷоуи вилояти Ҳубэй омада буд.
Маҳз аз ҳамин вилояти Ҳубей, ки шаҳри Вуҳан дар ҷойгир аст, паҳншавии навъи нави коронавирус оғоз ёфт.
Ҳаёти тибетиҳо дар ин соли вазнини тамоми ҷаҳон амалан аз соли гузашта фарқе надошт. Хуб, ба ҷуз он ки ниқобҳо бояд дар ҷойҳои серодам пӯшида мешуданд.
Чӣ тибетиҳоро аз сирояти марговар муҳофизат мекунад? Шояд кӯҳҳо ва табиат? Ё шояд тарзи ҳаёти суннатии онҳо.
Зиндагии бидуни вируси коронаи тибетиҳоро аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.