Амонзода аз сафари наздики 200 муҳоҷири дигар хабар дод: миёни онҳо ихроҷшудаҳо низ буданд

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз нақши муҳими вазораташ дар равон кардани 434 муҳоҷири меҳнатии тоҷик ба минтақаи Иркутски Русия таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ба хотири паҳншавии пандемияи коронавирус муҳоҷирони меҳнатии кишвар аз моҳи марти соли гузашта иҷозати хуруҷ ба хориҷро надоштанд.
Вай афзуд, ки иҷозати ба хориҷ сафар кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба хусус ба муҳоҷират сафар кардани онҳо тасмими ситоди ҷумҳуриявӣ буд.
Маликшоев роҳи русияравиро гуфт: аз пешвозу фатирхӯрии ноиби губернатор то маошу роҳпулӣ
Вай афзуд, ситоди ҷумҳуриявӣ бо дархости ҷониби Русия барои сафарбарнамудани 434 нафар муҳоҷирони меҳнатие, ки дар ҳудуди Тоҷикистон буданд, тасмим гирифт.
“Нақши вазорати меҳнат дар он буд, ки муроҷиат ба ситоди ҷумҳуриявӣ аз ҷониби вазорати меҳнат сурат гирифта буд ба хусус бо имзои шахсии ман, дар замима бо ному насаби ҳамин 434 нафаре, ки бояд, ки ба Русия ворид шаванд”, қайд кард вазир.
Ширин Амонзода таъкид доштааст, ки ситоди ҷумҳуриявӣ бо супориши Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон барои сафарбар намудани ин шаҳрвандон ба вазорати тандурустӣ ва авиатсияи граждани ва вазорати меҳнат дастур ирсол намуд.
Вай зик кард, ки айни замон аз ҳамин гурӯҳи 434 нафара 170 нафараш алакай ба Русия расиданд ва ҳоло барои фиристодани боз 200 нафари дигар аз ҳамин ҳудуд корҳо идома доранд.
“Ҷониби Русия барои қабул намудани 200 нафари дигар танҳо баъд аз анҷом расидани муҳлати қарантинаи 170 нафар муҳоҷирони меҳнатие, ки қаблан вориди Русия шуда буданд дархост кардааст. Ҳоло муҳлати қарантинаашон адо нашудааст. Ҳамин, ки тамом шуд Русия иҷозати вуруди боз 200 нафари дигарро хоҳад дод”, - гуфт вазири меҳнат.
Вай ҳамзамон қайд кард, ки вазъи ҳуқуқии ворид шудани муҳоҷирони меҳнатӣ бар души вазорат буд ва дар натиҷаи санҷишҳои махсуси вазорат маълум шуд, ки аз 434 муҳоҷире, ки бояд ба Русия раванд 16 нафараш иҷозати вуруд ба ин кишварро надоштааст.