Зодрӯзи Акбаралӣ Сатторов ва Зоҳир Дустматов: имрӯзи таърих

Рӯзи даҳуми феврал дар Русия – Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ буда, рӯзи ихтироъи дарзмол мебошад
Sputnik

Рӯзи 10 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1941 Испания ва Олмон дар бораи ҳамкорӣ  шартномаи махфӣ ба имзо расониданд.
Соли 2006 дар ИМА аввалин маротиба дар таърих оид ба амнияти кибернетикӣ машқҳои васеъҷанба гузаронида шуданд.

Рӯзи 10 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

соли 2009 дар Белгия Созишнома байни Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия — Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид.
Соли 2010 дар маркази намоишгоҳи "БелЭкспо" -и шаҳри Мински Белорус дар намоиш-ярмаркаи XVII байналмилалии китоби Минск маҳсулоти Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуд.
Солрӯзи Каримов ва рӯзи авиатсияи шаҳрвандии Русия: имрӯзи таърих
Соли 2010 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд" таъсис дода шуд.
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи Шўрои амният баргузор гардид.
Соли 2014 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии тестӣ аз тобеияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди Президент табдил дода шуд.
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар доираи ташрифи ҳайати парлумони Чехия ба Тоҷикистон бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистону Чехия баргузор гардид.
Соли 2017 Президент Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба 25-умин солгарди  барпо намудани  робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Америка ба  Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Соли 2018 ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон  баррасӣ гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 феврал

 

Рӯзи 10 феврал дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1914 — ҳунарманди кино Зоҳир Дустматов, нақшофаринандаи Қорӣ - Исмат дар филми "Марги судхур".
Соли 1936 — шоир ва ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Алӣ Бобоҷон.
Соли 1940 — рассом, ҳунарманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Сайфиддин Шералиев.
Соли 1941 — сароянда, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷурабек Набиев.
Соли 1965 — журналист Акбаралӣ Сатторов, асосгузори медиа-холдинги "Чархи гардун".