ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон афзуд, ки кишварҳои абарқудрат тавасути филмҳову китобҳо, фарҳангӣ худро ба кишварҳои хурд "экспансия" мекунанд.
"Назари ман ин аст, ки дар замони муосир дар шароити ҷаҳонишавӣ кишварҳои абарқудрат бо ҳар роҳ фарҳанг, тарзи ҳаёту ҳаводиси таърихии худро, ки ба манфиати таъриху фарҳанги маданияти халқҳои майда нест "экспансия" мекунанд", - гуфт Нуруддин Саид.
Вай инчунин зикр кард, ки мухолифи пахши филмҳои туркӣ тавассути телевизиони Тоҷикистон аст.
"Ин кишварҳо бо воситаи филму китоб фарҳанги худро экспансия мекунанд. Ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон муқобили ин чизҳо ҳастам", - гуфт раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон.
Нуриддин Саид қайд кард, ки Тоҷикистон бояд филмҳои таърихии худ, арзишҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангии худро намоиш диҳад.
"Мо бояд дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ маҳз бо арзишҳои миллӣ, филмҳои худамонро таҳия кунем", - гуфт раиси кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон.