ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дақиқан маълум нест, ки зойирони тоҷик кай имкони зиёрати хонаи Худоро пайдо мекунанд.
Давлатзода Сулаймон Пирхон дар нишасти матбуотӣ гуфт, Тоҷикистон ҳамоно мунтазири посухи ҷониби Арабистони Саудӣ аст.
Ба таъкиди ӯ, ҳоло Арабистони Саудӣ қатъиян маросими Ҳаҷро лағв накардааст, ва ҳамзамон иҷозати вуруди мусалмононро низ эълон накардааст.
Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон ҳоло дар рӯйхати сабз қарор дорад ва бо беҳ шудани вазъи ҳамагирӣ, зойирони тоҷик имкони адои маросими ҳаҷро пайдо мекунанд.
Қаблан гуфта мешуд, ки аз нимаҳои дуюми моҳи январи соли ҷорӣ аввалин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҳаҷҷи умра сафар мекунанд.
Вале, пас аз бурузи навъҳои нави коронавирус, ҳукумати он кишвар тасмим гирифт, муваққатан рафтуомади зойиронро барои адои Ҳаҷ манъ кунад.
Давлатзода гуфт, ба ҳамин далел давоми ду ҳафта Арабистонги Саудӣ равобити ҳавоиро бо чандин кишварҳо баст.
Гуфта мешавад, Арабистони Саудӣ ҳамакнун натиҷаи эмгузаронӣ аз коронавирусро интизор аст ва ҳамчунин беҳтар шудани вазъи ҳамагирӣ дар кишварҳои мусалмониро назорат мекунад.
Харҷи сафари Ҳаҷҷи умраи солҳои пеш 20,5 ҳазор сомонӣ, ё муодили 2,5 ҳазор доллари амрикоӣ ҳисоб мешуд. Аммо масъулини ширкатҳои сайёҳӣ, ҳоло сафари ҳаҷҷи навро эълон накардаанд.
Дар Тоҷикистон ҳамасола ҳазорҳо нафар, барои зиёрати маконҳои муқаддаси Ислом ба кишвари Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.