COVID-19 гунаҳгор: раиси Бонки миллӣ болоравии нархҳо дар бозорҳоро шарҳ дод

Бонки миллии Тоҷикистон рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2020 муътадил арзёбӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки Бонки миллӣ соли 2020 сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро ба нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо бо назардошти раванди ҳадафгирии таваррум,  танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.
Вай қайд кард, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар соли гузашта ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод.
“Афзоиши ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,7 фоиз ва кишоварзӣ 8,8 фоиз таъмин гардидааст”, - таъкид доштааст раиси бонки миллӣ.
Ҳоким Холиқзода зикр кард, ки сатҳи таваррум соли сипаригардида 9,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019  1,4 банди фоизӣ зиёд буда, нишондиҳандаи мазкур асосан аз афзоиши сатҳи нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ 13,0 фоиз, ғайрихӯрокворӣ 5,8 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 4,0 фоиз ба амал омад.
Тоҷикистон чӣ гуна бар коронавирус пирӯз шуд
Дар сохтори маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин давра тағйирёбии зиёди нархи дар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, ки асосан маҳсулоти воридотӣ ва мавсимӣ мебошанд, аз қабили орди навъи якум 16,4 фоиз, шакар 40,8 фоиз, равғани пахта 50,7 фоиз, равғани офтобпараст 42,6 фоиз, гӯшти гов 6,2 фоиз, тухм 18,9 фоиз, картошка 19,8 фоиз ва сабзӣ 12,8 фоиз ба қайд гирифта шуд.
Афзоиши беш аз 4 дарсадии даромади ширкатҳои мобилӣ дар замони коронавирус
Раиси Бонки миллӣ болоравии нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро ба натиҷаи таъсири омилҳои берунӣ вобаста ба авҷ гирифтани пандемияи COVID-19 ва дар ин замина маҳдуд шудани ҳамлу нақл тавассути сарҳади давлатҳои шарикони савдо рабт додааст.