ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Даъвои миллиондолларӣ алайҳи ширкати "Дагспецстройсервис" аз пудратчӣ "ЧиркейГЭСстрой" оғоз шудааст, ки аз маводи Суди Ставропол бармеояд.
Сабаби даъво вайрон кардани мӯҳлати кор мебошад, ки дар робита ба он даъвогар мехоҳад аз ҷавобгар ҷарима ба андозаи 139,4 миллион рубл ситонад.
Мурофиаи пешакӣ рӯзи 24 феврал таъин шудааст.
Ёдрас мешавем, ки ҶСК "ЧиркейГЭСстрой" ба бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Русия ва берун аз он машғул аст.
Дар ҳоли ҳозир, ширкате, ки ба додгоҳ муроҷиат кардааст, ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар Тоҷикистон, нерӯгоҳи барқи обии "Готсатлинская" дар Доғистон ва нерӯгоҳи "Зарамагская" дар Осетияи Шимолӣ машғул мебошад.