ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Роҳбари Иттифоқи "Тоҷикматлубот" Ҳусайн Идиев имрӯз дар ҳузури хабарнигорон аз нақшаҳои ниҳоди худ барои омодагӣ ба 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хабар дод.
Идиев гуфт, нахустин коре, ки анҷом медиҳанд, ин зиёд намудани ҳаҷми даромад буда, инчунин кӯшиши мекунанд, ки ба аҳолии Тоҷикистон босифат хазматрасонӣ намоянд.
Ба таъкиди Идиев, онҳо нақша доранд, то таъмиру азнавсозии бозори идораи маҳсулоттайёркунии ноҳияи Ховалингро то ҷашни мазкур ба анҷом расонанд.
Гузашта аз ин, то ин сана бояд дар ноҳияи Мастчоҳ бозор созанд ва ҳамчунин корҳои сохтмонӣ дар бозори замонавии ноҳияи Носири Хусравро анҷом диҳанд.
Ба итмом расондани сохтмони бозори ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мӯъминобод ва сохтмони "Марказҳи савдо" - и дуошёна дар ноҳияи Восеъ, аз ҳадафҳои дигари Раёсати "Тоҷикматлубот" гуфта мешавад.
Ҳасайн Идиев тавзеҳ дод, ки барои амалӣ намудани ҳамаи ин корҳо тақрибан 11 миллион сомонӣ равона гардидаст.