ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи гузашта, 8 феврал пас аз нисфирӯзӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.
Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Портер", Нуриддин Шоеви 35-сола, сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавонистааст.
"Ӯ ҳангоми воситаи нақлиётро ба қафо рондан, ноболиғ Шомаҳмадов Эмомалӣ Раҳмоновичи 12-сола, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст", - тавзеҳ медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Дар натиҷаи Шомаҳмадов Э.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тафтишоти ҳодиса идома дорад.