ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Зиёзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бар асоси меъёрҳои физиологии тасдиқкардаи Ҳукумат талаботи солонаи ҳар сокин ба гӯшти паранда 9 килоро ташкил медиҳад.
Ӯ афзуд, ки истеҳсолоти феълии гӯшти паранда дар ҷумҳурӣ ҳудуди 4,5 – 5 кило сари ҳар сокинро ташкил медиҳад ва дар сурати то 60 ҳазор тонна расондани гӯшти мурғ талаботи кишвар пурра таъмин мешавад.
Вай бо зикри таҷриби рушди парандапарварӣ дар Тоҷикистон гуфт, мо дидем, ки агар кор кунем соҳаро пеш бурдан мешавад.
Вазир хотиррасон кард, ки соли 2018 дар Тоҷикистон барои корхонаҳои парандапарварӣ зимни ташкил ва воридоти техникаю ғизо сабукиҳои андозию гумрукӣ ироа карда шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа аз соли 2018 то ҳол саршумори мурғ 2,2 баробар афзоиш ёфта, 9 миллиолн сар расид. Ӯ илова намуд, ки феълан теъдоди корхонаҳои парандапарварӣ дар кишвар ба 181 адад ба расонда шуд, ки бисёрашон дар шимоли ҷумҳурӣ ҷойгиранд.
Зиёзода афзуд, ки ният доранд, теъдоди корхонаҳо дар ҷануби Тоҷикистонро низ зиёд намоянд, чун дар ин минтақа низ шароит мусоид буда, талабот зиёд мебошад. Ӯ аз ҷумла афзуд, ки тайи солҳои 2021 – 2022 бунёди ҳудуди 11 корхонаи парандапарварӣ дар назар аст, ки барои таъмини талаботи дохилӣ мусоидат хоҳад кард. Вазир муътақид аст, ки дар зарфи ду се соли оянда Тоҷикистон талаботи худро ба гӯшту тухми паранда таъмин мекунад.