Вазир гуфт, изофанависӣ ҳаст ва ин корро хиёнат ба ватан номид

Вазири кишоварзӣ иқрор кард, ки дар омори пешниҳоднамудаи ҳосилот ва кишти картошка ҳамеша изофанависӣ ҷой дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Зиёзода Сулаймон Ризо вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки изофанависӣ дар пешниҳоди маълумот оиди кишт ва ғундории ҳосили картошка вуҷуд дорад.
Вазир таъкид кард, ки аз ин мушкилӣ роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ хабардор аст ва дар маҷлисҳои васеи Ҳукумат низ ба ин камбудӣ таваҷҷӯҳ мекард.
Вазири кишоварзӣ: мардуми Тоҷикистон захираи беш аз дусола доранд
Зиёзода тавзеҳ дод, ки изофанависиро ба мисли хиёнат намудан ба шаҳрвандони ин кишвар бояд қабул кард.
"Бо роҳи изофанависӣ мо пешрафт нахоҳем кард", - афзуд вазири кишоварзӣ.
Зиёзода Сулаймон шарҳ дод, ки соли ҷорӣ барои пешгирӣ кардан аз изофанависӣ як тасмими хуб гирифта шудааст. Ҳоло, ки дар вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ кишти барвақтии картошка оғоз мешавад, бо супориши вазири кишоварзӣ ҳар як контуре, ки кишт мешавад, аз ҷониби намояндагони вазорати кишоварзӣ ва масъулони Кумитаи заминсозӣ онро даррав чен мекунанд.
Бо ҳамин усул, Тоҷикистон ба изофанависиҳо дар пешниҳоди кишт ва ҳосилғундории картошка нуқта гузоштанӣ ҳастанд.
Чипси хуҷандӣ: Раҳмон дар Хуҷанд корхонаи нав ифтитоҳ кард
Бояд гуфт, ки бо вуҷуди маълумотҳо дар мавриди кишти барзиёди картошка ҳамасола танқисии ин навъ маводи озӯқаворӣ эҳсос мешавад. Дигар ин, ки арзиши гарони картошка дар бозорҳои ҷумҳурӣ мардумро нигарон мекунад.
Шаҳрвандон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки чаро мақомотҳои марбута аз кишт ва ҳосили барзиёди картошка садо баланд мекунанд, дар ҳоле, ки дар таъмини ниёзи мардум танқисӣ мекашаванд.
Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, имсол замини кишти картошка ба 70 ҳазор гектар хоҳад расид.