ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ожонси маводи доруворӣ (ЕМА) барои ихтирогарони ваксинаи "Спутника V" моҳи январ машварати илмӣ гузаронд, ки баъди он имкони ироаи дархост барои сабти ваксина дар Иттиҳоди Аврупо фароҳам шуд. Бунёди сармоягузориҳои мустақим дархости сабт дар Иттиҳоди Аврупоро 29 январ супорид.
"Бунёд тасдиқномаи расмиро дорад, ки ЕМА дархостро қабул кард. Фаврияти тасвиби дархост ба EMA вобаста аст", - тавзеҳ доданд дар Бунёди сармоягузориҳои мустақим.Қаблан рӯзи сешанбе ЕМА ба РИА Новости хабар дод, ки дархост ҳанӯз ворид нашудааст.
Дар сурати дарёфти шаҳодатномаи тасдиқ ва ҷонибдории Комиссияи Аврупо ваксинаи тавлиди Русия метавонад ба таври мутамарказ ба Иттиҳоди Аврупо интиқол дода шавад.
Иттиҳоди Аврупо, ҳанӯз қабл аз тасдиқи аввалияи ваксина дар бораи хариди мутамаркази он тасмим гирифтааст. Дар маҷмуъ созишномаҳо бо шаш тавлидгари ин ваксина баста шудаанд.
Феълан дар бозори Иттиҳодио Аврупо доруҳои ширкати Pfizer/BioNTech (харид дар ҳаҷми 600 миллион воя), Moderna (160 миллион воя) ва AstraZeneca (то 400 миллион воя) тасдиқ шудааст.
Ғайр аз ин Иттиҳоди Аврупо дар бораи хариди васкинаҳо аз Johnson&Johnson, Sanofi-GSK, CureVac созишнома бастааст, аммо онҳо дархост барои сабтро ҳанӯз пешниҳод накардаанд. Дар ояндаи наздик ин корро метавонад, J&J анҷом диҳад.
Ҳамин тариқ Иттиҳоди Аврупо метавонад беш аз 2,3 миллиард вояи зидди коронавирусро гирад. Дар нақша аст, ки то охири тобистон ҳудуди 70 дарсади аврупоиҳо ваксина гиранд. Аммо дар ҳатфаҳои охир Иттиҳоди Аврупо дар тааъминот бо ваксина аз Pfizer/BioNTech ва AstraZeneca дучори мушкил шуд. Чунин таъхиркориҳои метавонанд, ҳадафҳои Брюсселро дар мавриди ҳаҷми эмгузаронӣ халалдор намоянд.