ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Имомов, ки аз соли 2008 то 2020 сафири Тоҷикистон дар Афғонистон буд, имрӯз дар синни 65-солагӣ бар асари беморӣ дунёро падруд гуфт.
Дар ин бора афроди наздик ба Имомов дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, аммо ҷузъиёти беморӣ ироа нашудааст. Маросими видоъ бо марҳум баъди зуҳри имрӯз дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Имомов моҳи сентябри соли гузашта бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми сафирӣ дар Афғонистон ба нафақа фиристода шуда буд.
Профессор Имомов соли 1956 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ то гузаштан ба хизмати давлатӣ устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
То таъйинаш ба мақоми сафирӣ аз соли 2003 то 2008 дар мақоми мушовири Президенти Тоҷикистон дар умури сиёсати байналмилалӣ кор кардааст.