Дар Ироқ табадуллоти давлатӣ ва дар Афғонистон созиш бо Толибон: имрӯзи таърих

Рӯзи 8 - уми феврал дар Федератсияи Русия рӯзи илм ва ҳамзамон Рӯзи бозиҳои варзишии зимистона таҷлил мешавад
Sputnik

Рӯзи 8 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1919 миёни Париж ва Лондон хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ гардид.
Молодой человек в аэропорту в зале ожидания
Соли 1931 маросими ботантанаи ифтитоҳи пойтахти нави Ҳиндустон – Ню-Деҳлӣ баргузор гардид.
Соли 1963 дар Ироқ табаддулотӣ ҳарбӣ баргузор шуд.
Соли 1919 духтури чикагоӣ Ҷеймс Херрик аввалин маротиба дар таърихи олам кардиограммаи ноқисии дилро нашр намуд.

Рӯзи 8 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 Президенти вақти Афғонистон  Ҳомид Карзай пайравони ҳаракати "Толибон"-ро ба сулҳ даъварт намуд. Ӯ ба ҳамаи "Толибон" пешниҳод намуд, ки нафарони ба "Ал- Қоида" ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҳамкорӣ надошта ба хонаҳояшон баргарданд ва "зиндагии хуб" гузаронанд.
Экс-президент Афганистана Хамид Карзай
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла, дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва сайёҳӣ баррасӣ шуд.
Соли 2011 раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров узви Шӯрои Иттиҳодияи парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ интихоб гардид.
Соли 2013 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия созишнома ба имзо расид.
Соли 2014 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи Бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок намуданд. Дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми зиёда аз 80 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.
Соли 2016 барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 феврал

Рӯзи 8 - уми феврал кӣ таваллуд шудааст

Соли 1928 – шоир  Акобир Шарифӣ.
Соли 1939 –олими арабишинос Матин Ҳусейнзода, писари шарқшиноси машҳур, профессор  Шарифҷон Ҳусейнзода. 
Соли 1947  – рақосаи балет, дорандаи ҷоизаи ба номи А. Рӯдакӣ Хосият Боева.
Соли 1969 - қаҳрамони 13 - каратаи Тоҷикистон Шералӣ Ҳикматов
Соли 1975 – доктори илмҳои тиб Рустам Бердиев