Садама дар Ваҳдату ноҳияи Турсунзода ду кушта бар ҷой гузошт

Бар асари ду садамаи маргбор дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат як ҷавони 22 - сола ва марди 52 - сола ҷон аз даст доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар хабар медиҳад, ки дар пай талафоти ҷонӣ ба бор оварданд.
Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, садамаи аввал рӯзи 6 феврал, тахминан соати 23:30 дақиқа ба айби ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес - Бенс" рух дод.
Ҳалокати фоҷеабори мотосиклрони 56-сола дар Фархор
"Расулов Зафари 32 - сола, сокини шаҳри Ваҳдат аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Абдувосиев пиёдагарди 22 - соларо пахш кард", - таъкид мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, Муродов, ки низ сокини шаҳри Ваҳдат аст, аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба ҳалокат расид.
Чунин як садамаи маргбор дар шаҳри Турсунзода нисфирӯзи 7 феврал ба вуқӯъ омад.
Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи "ВАЗ-2110", Раҷабов Исломҷони 20 - сола, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Тӯйчиеви шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, дучархарон Худоёрови 52 - соларо пахш кард.
Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" як куштаю се захмӣ бар ҷой гузошт
Дар натиҷа, Худоёров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.