ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Маскав мизбони ҷаласаи 17 - умин Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия шуд.
Барои ҳузур пайдо кардан дар ин ҳамоиш, рӯзи 8 феврал Қоҳир Расулзода ба сифати раҳбари ҳайати сохторҳои ҳукумати ҷумҳурӣ вориди Маскав шуд.
Интизор меравад, ҳамоиши мазкур давоми ду рӯз, аз 8 то 9 феврал идома ёбад.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисодии Федератсияи Русия, ҳайати ин кишварро муовини сарвазир Алексей Оверчук ва ҷониби Тоҷикистонро сарвазир Коҳир Расулзода роҳбарӣ мекунанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, масъалаи асосии рӯзнома ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи иқтисод хоҳад буд.
Илова бар ин, ҷонибҳо масъалаҳое чун барқарор шудани парвозҳои мунтазам, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирвати меҳнатӣ ва инчунин бозгашти донишҷӯёни тоҷикро ба донишгоҳҳои хориҷ баррасӣ мекунанд.
Хотиррасон мекунем, ки ҷаласаи қаблии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, нимаи моҳи август дар Душанбе баргузор гардид.
Он замон Алексей Оверчук бо мақомоти давлатӣ ва шахсан бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дода буд.