ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Шумораи одамоне, ки аз коронавирус эм карда шудаанд, аз шумораи сирояттёфтагон дар саросари ҷаҳон аз оғози пандемия зиёдтар шудааст.
Дар ин бора Тедрос Адан Гебрейесус директори генералии Созмони умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) зимни як брифинг дар Женева хабар дод.
"Дар саросари ҷаҳон шумораи эмшудаҳо аз теъдоди сироятҳои гузоришшуда зиёдтар аст", - гуфт ӯ.
"Аз як тараф, ин хабари хуш ва дастоварди назаррас дар ин муддати кӯтоҳ аст. Аммо, аз чор се ҳиссаи эмшудаҳо танҳо ба 10 кишвар рост меояд", - изҳор дошт роҳбари ТУТ.
Дар ин робита, Гебрейесус аз кишварҳое, ки аллакай кормандони соҳаи тиб ва пиронсолони худро эм кардаанд, даъват кард, ки бо давлатҳои дигар "мубодила" кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, чунин иқдом "беҳтарин роҳи ҳифзи аҳолии мо" хоҳад буд.
"Ваксинзании онҳое, ки дар ҳама ҷо хавфи бештар доранд, тӯлонитар давом мекунад, мо ба вируси COVID-19 барои мутатсия ва пешгирӣ аз таъсири ваксинаҳо ҳамон қадар бештар имконият медиҳем",- гуфт директор ва таъкид кард, ки қариб дар 130 кишвари ҷаҳон, ки 2,5 миллиард одам зиндагӣ мекунанд то ҳол ягон ваксинаи коронавирус нагирифтааст.
Гебрейесус ба "тавсеаи васеъ" -и истеҳсоли ваксинаи COVID-19 даъват кард.
Ба ақидаи ӯ, ширкатҳои дорусозӣ дар саросари ҷаҳон бояд бо роҳи фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ барои чунин истеҳсолот ба ҳамдигар кумак кунанд.
Вай инчунин ширкатҳои дорусозиро ташвиқ кард, ки барои маҳсулоти худ "литсензияҳои ғайристисноӣ" диҳанд, то ширкатҳои дигар тавонанд дар истеҳсоли ваксинаҳои худ ширкат варзанд.
Роҳбари ТУТ таъкид кард, ки мубодилаи дониш ва маълумот дар бораи ваксинаҳо, "имкон медиҳад, ки фавран иқтидорҳои истифоданашудаи истеҳсолӣ барои фароҳам овардани заминаи иловагии истеҳсолӣ, алахусус дар Осиё, Африка ва Амрикои Лотин",-зиёд карда мешавад.
Тибқи маълумоти охирини ТУТ дар ҷаҳон, зиёда аз 104,9 миллион нафар сироят ёфта, теъдоди фавтидагон ба 2,3 миллион нафар мерасад.