ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Иҷозатномаи фаъолияти саррофонро дар Афғонистон Ҳукумат бекор кард, ки дар натиҷа онҳо даст ба корпартоӣ заданд, хабар медиҳад Парс тудей.
Манбаъ меафзояд, ҳукумати ин кишвар аз саррофон хост, то дархости муҷаввизи нави худро ки дорои ҳуҷҷати омӯзиши олии муртабит бо саррофӣ ҳастанд, сабт кунанд ва ё инки назди бонк замонати пулӣ бисупоранд.
Ин тасмими давлат боис шуд, ки саррофони Афғонистон аз рӯзи шанбе фаъолиятҳои худро мутаваққиф карда ва муҷиби бурӯзи мушкилоти зиёдӣ дар умури арзии ин кишвар шаванд .
Саррофони Афғонистон эълом карданд то замоне ки давлат аз ин иқдоми худ сарфи назар накунад ҳамчунон ба корпартоӣ идома медиҳанд .
Аммо давлати Афғонистон бар ин бовар аст, ки саррофиҳо маншаи пулшӯӣ ҳастанд ва ҳамчунин шуморе аз террористҳо ва қочоқчиён низ аз ин тариқ пулҳои ғайриқонунӣ ҷобаҷо мекунанд.
Дар Тоҷикистон низ борҳо саррофонро ба он муттаҳам намуданд, ки худсарона ноустувории қурби асъорро ба миён меоранд.