Рӯзи 7 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод
ВАО хабар доданд, ки таҳиякунандагони чинӣ компютери пурқувваттарин ва дар айни ҳол хурдтарин дар ҷаҳон – "MeegoPad"-ро ба намоиш гузоштанд, ки он ба флешкартаи якчанд маротиба калонкардашуда монанд буд, дар ҳаҷм ба телефони дастӣ баробар буд.
Соли 1792 ба шаҳрвандони ИМА ҳуқуқи дар Канада ройгон гирифтани замин дода шуд.
Соли 1863 дар ИМА аввалин оташнишон ихтироъ карда шуд.
Соли 1980 – аввалин маротиба ба рӯзноманигорони телевизион сабт намудани навор дар бинои Суди Олии Канада иҷозат дода шуд.
Соли 1992 шартнома оид ба таъсиси Иттиҳоди Урупо ба имзо расид.
Соли 2014 дар Сочи маросими оғози Бозиҳои XXII олимпии зимистона доир гардид (23 феврал ба итмом расид).
Рӯзи 7 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма" фармон ба имзо расонид.
Соли 2014 дар шаҳри Сочии Русия дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Чехия Милош Земан масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлат баррасӣ гардид.
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва беҳтарин бозингарони чемпионати баргузоргардидаи Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид.
Соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар бораи оғози расмии Лоиҳаи ислоҳоти идоракунии андоз дар Тоҷикистон эълон нашр гардид.
Ҷашнҳои рӯзи 7 феврал
Рӯзи 7 феврал дар Тоҷикистон кӣ аб дунё омад
Соли 1910 — Миркарим Саидов, коргардон, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон.