Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Зан гирифторӣ ба COVID - 19 -ро пинҳон кард: худ, ҳамсараш ва кӯдаконаш фавтиданд

Мақомоти минтақавӣ аз мардум даъват доранд, ки бемориашонро пинҳон накунанд, сари вақт ба духтур муроҷиат намоянд ва пӯшидани ниқоби тиббиро фаромӯш насозанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Зане дар Венесуэла гирифториаш ба коронавирусро аз наздиконаш пинҳод дошту, бо ин роҳ ҳамаи аъзои хонаводаашро ба коми марг кашид, хабар медиҳад, La Nación.
Вероника Гарсия Фуэнтеси 36-сола миёнаҳои моҳи декабр худро бад эҳсос кард. Вай аз санҷиши коронавирус гузашту, натиҷа мусбат баромад. Аз он замон зан аз тарси сироят накардани мардум, хонашин шуд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Марги 55 нафар дар Амрико пас аз гирифтани ваксина
Аммо, ба шавҳар ва се фарзандаш (фарзанди калониаш 17-сола, дугоникҳо чорсола), зан гуфт, ки зуком шудааст.
Ҳақиқат танҳо дар охири моҳи декабр, вақте ки шавҳари Вероника ба шабнишинии оилавӣ мерафт, рӯи об баромад. Ӯ ба ҳамсараш аз бемориаш хабар дод, то дигар хешовандонро сироят накунад.
Фуэнтес моҳи январ гирифтори пневмония шуд. Шавҳар ва фарзандонаш тест супориданд, вале натиҷа манфӣ баромад.
Пас аз ду ҳафта, вазъи зан бад шуду, ӯро бистарӣ карданд. Аъзои оила дубора санҷида шуданд, ин дафъа натиҷаҳо мусбат буданд, аммо беморӣ дар бадани онҳо бидуни нишона зуҳур кард.
Олимон муфассал тасвир карданд, ки чигуна одам мемирад
Пас аз чанд рӯз, аҳҳволи падари хонавода шадидан бад шуд, ӯро дар беморхона бистарӣ карданд. Пас аз як ҳафта, мард ҷон дод, пасон худи Вероника низ қурбони вирус шуд. Авохири моҳи январ фарзандонашон низ ба коми марг кашида шуданд.
Мақомоти минтақавӣ аз мардум даъват карданд, ки бемориашонро аз наздикони худ пинҳон накунанд, сари вақт ба духтур муроҷиат кунанд, даст бишӯянд, ниқоб пӯшанд ва фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранд.