ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Созмони миллали муттаҳид дар бораи рушди устувори саноати истихроҷ дар шакли онлайн мизи мудаввар баргузор кард, ки дар ифтитоҳи он вазири рушди иқтисод ва савдо Зақӣ Завқизода иштирок кард.
Завқизода дар мизи мудаввар масъалаи истеҳсоли барқро ба миён гузошта гуфт, барқи Тоҷикистон "тоза" аст.
Вай далели тозагии барқро ба истеҳсоли он тариқи нерӯгоҳҳои оби барқӣ рабт дод.
Вай гуфтт, Тоҷикистон дар назди худ ҳадафҳои истифодаи энергияи тоза, аз ҷумла татбиқи сиёсати коҳиш додани истифодаи ангишт, гузариш ба истеҳсоли энергия аз манбаҳои барқароршаванда ва технологияи каммасраф гузоштааст.
"Неруи барқи Тоҷикистон аз ҷиҳати экологӣ тоза ба шумор меравад, зеро 98 фоизи неруи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешаванд", - таъкид кард вай.
Тибқи ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон аз рӯи истифодаи энергияи тоза дар ҷаҳон ҷои 6-умро ишғол менамояд. Дар умум Тоҷикистон дар самти татбиқи принсипҳои иқтисоди "сабз" ва ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор бомаром тадбирҳо андешида истодааст.