ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Кормандони милитсия ҷавони 27 - соларо боздошт намуданд, ки дар расондани зарари вазнин ба саломатӣ муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, номбурда сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ӯ рӯзи 3 феврал, тахминан соати 21:30 дақиқа, дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари 33 - солаи худ муноқиша намудаст.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи муноқиша ӯ бо корд як маротиба ба шиками занаш зарба расонд, ки дар натиҷа зани 33 - сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт ва бистарии беморхона шуд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Рӯзи гузашта, хабари кштори ду шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби муҳоҷири тоҷик дар сархати расонаҳо пайдо шуд, ки ҳамаро шокӣ кард.
Муҳоҷири тоҷик низ дар ҳолати мастӣ зани ҳомила ва хусури худро ба таври ваҳшиёна бо корд ба қатл расонда буд.