ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Духтари тақрибан 25-солае дар пойтахт бо мақсади худкушӣ худро ба дарё андохт, хабар медиҳад рӯзноманигор Завқибек Саидамнӣ дар саҳифаи Фейсбукиаш.
Бино бар навиштаи вай, ҳодиса дар маркази Душанбе, дар назди бинои "Шарқи озод" маъруф ба ГЖК имрӯз, тақрибан соатҳои 15 бо вақти маҳаллӣ рух додааст.
Манбаъ қайд мекунад, ки шоҳидони ҳодиса бетарафӣ зоҳир накарда, зуд ба наҷоти духтарак шитофтанд.
" Ҳамагӣ дар чанд дақиқа, бо кӯмаки як гурӯҳ ҷавонон бароварда шуда, ба дасти "Ёрии таъҷилӣ" супорида шуд. Воқеан ҳам ҷавонон хеле фаъол буданду ҳам мошини "Ёрии таъҷилӣ" хеле зуд расид".
Ҳарчанд об дар дарё ба дараҷае нест, ки одамро бубарад, вале шояд аз зарбаи афтодан аз баландӣ беҳол буд. Рангӯ рӯяш сафед буду каме дастонаш шохшуда ба назар мерасид, меафзояд Завқибек Саидаминӣ ва изҳори умедворӣ мекунад, ки дар умум духтар наҷот ёфт.
"Худкушӣ роҳи ҳали мушкилие нест", - менависад дар хулосааш рӯзноманигор.
Хабари рӯзноманигор дар бораи қасди худкушии зане дар Душанбе дар ҳолест, ҷомеашиносони тоҷик иллати ин қабил амалҳоро ба муносибати нодуруст нисбати занон дар ҷомеа рабт медиҳанд.
Мақомоти Суғд моҳи декабр эълон карда буданд, ки танҳо дар соли 2020, 44 зан даст ба худкушӣ задааст.
Ахиран дар Тоҷикистон гурӯҳе зери унвони "Дурухшон" аз ҳисоби фаъолони ҷомеа ташкил гардид, ҳадафаш мубориза бо хушунат нисбати занон арзёбӣ мегардид.