Венетсияи дигар: обхезии шадид дар Олмон – аксҳо

Дар пайи боронҳои дарозмуддат ва обшавии барф дар саросари Олмон обхезӣ сар зада, бархе аз манотиқи ин кишвар ба истилоҳ ба Венетсияи дигар табдил ёфтанд
Sputnik
Дар бархе аз навоҳии Олмон сатҳи оби дарёҳо боло рафта, дар сартосари мамлакат обхезии шадидро ба вуҷуд овардааст.
Аэрофотоснимок города Хюэ, затопленного паводковыми водами из-за сильных ливней в центральном Вьетнаме
Обхезии шадид дар Ветнам: 20 нафар фавтиду 14 каси дигар бенишон шуданд - акс
Бар асоси иттилои расмӣ, сатҳи оби дарёи Рейн дар самти шимол аз шаҳри Келн боло рафта, аз ҷумла Дюсселдорф, Дейсбург ва Везелро фаро гирифтааст.
Паҳнкунандагони хабари дурӯғ дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум боздошт шуданд
Дар қисмати ҷануби Олмон заминҳои Рейнланд-Пфалтс ва Гессен мавриди обхезӣ қарор гирифтаанд.
Дар пайи болоравии сатҳи об то як муддат инчунин ҳаракати киштиҳо дар дарёи Рейн мутаваққиф шуд, чун ҳаракат аз зери пулҳо аллакай хатарнок шуда буд.
Сокинони ноҳияҳои шарқии Саксония ба ҳимояи манзилҳои истиқоматии худ аз офати табиӣ хеста, гирду атрофи хонаҳояшонро бо халтаҳои хокӣ девор бардоштанд. Дар ин қисмат низ оби дарёи Свёнитс аз соҳил берун рафта, ба хонаҳои мардум таҳдид эҷод кард.
Бар асосии пешгӯии ҳавошиносони олмонӣ, то рӯзҳои истироҳат вазъ метавонад ба далели болоравии сатҳи оби дарёҳо бадтар шавад.